Кӯмаки 300 ҳазор доларии Ҷопон ба Тоҷикистон
Феврал 27, 2020 11:04 Asia/Dushanbe
Ҷопон барои панҷ тарҳи иҷтимоӣ дар Тоҷикистон 300 ҳазор доллар кӯмаки молӣ ба ин кишвар ихтисос медиҳад.
Ба нақл аз Тоҷикта, сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон эълом кард ; маросими имзои тафоҳумномаи пардохти кӯмаки молӣ барои иҷроии 5 тарҳ дар сафорати Ҷопон дар Душанбе баргузор шуд.
Сохти маркази тавонбахшии, маркази ҷавонон дар шаҳри Хоруғ ва сохти 3 маркази пизишкӣ дар Бадахшон аз ҷумлаи ин тарҳҳо аст.
Тарҳи беҳсозии системаи оби ошомиданӣ дар чор рустои минтақаи Рӯдакӣ ҳам аз дигар тарҳҳои умронӣ аст, ки Ҷопон , 86 ҳазору 100 доллар барои онҳо ба Тоҷикистон кӯмак хоҳад кард.