Феврал 27, 2020 11:58 Asia/Dushanbe
  • Афзоиши мавориди ришвахорӣ дар вилояти Суғд дар соли 2019

Мудири идораи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии вилояти Суғд аз сабти 504 мавриди ришвахории мақомоти ҳукуматӣ дар шимоли Тоҷикистон дар соли 2019 хабар дод,ки дар муқоиса бо соли пеш 21 маврид бештар будааст.

Ба нақл аз сомонаи Тоҷикистон таймз , Генерал Карим Иброҳимзода гуфтааст,ки хасороти молии ин маворид 27 миллиону 400 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Вай аз идорот ва Созмонҳои маҳалии давлатӣ, маориф ва улум, беҳдошт ва дармон, бонкҳо , интизомӣ, адлия, ҳамлу нақл, додгоҳҳо ва мудирияти замин ба унвони фасодзадатарин ниҳодҳо дар соли 2019 дар вилояти Суғд ёд кардааст.

 Вай аз афзоиши мавориди фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар соли 2019 дар шаҳрҳои Истаравшан , Панҷакент, навоҳии Хуҷанд, Ашт , Бобоҷон Ғафуров, Ҷабор Расулов ва Спитамен ибрози нигаронӣ кард.

Аз дидгоҳи мудири идораи Ожонси давлатии мубориза бо фасоди молии вилояти Суғд таи соли 2019 бо ишора ба сабти 41 маврид ҷурм ва ҷинояти муртабит бо фасоди молӣ ва ришвахорӣ дар миёни кормандони идораҳо ва Созмонҳои маҳалӣ давлатӣ гуфтааст,ки мардум барои ҳали мушкили хеш ба ин Ниҳодҳо муроҷиа мекунанд. Аммо кормандони идораҳо ва Созмонҳои маҳалӣ давлатӣ ба ҷои ҳали мушкили ин афрод ба ҷейби онон чашм духтаанд ,ки ин кор ба эътибор ва ҷойгоҳи ин Созмонҳо латма мезанад.

Тоҷикистон дар радабандии байналмиллалии фасоди молӣ ва ришвахорӣ ба далели густардагии ин падида дар идороти давлатии ин кишвар дар ҷойгоҳи номатлуб қарор дорад.

Барчасп