Феврал 27, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
  • Оғози таҳвили варақаҳои овоздиҳӣ ба қитъаҳои интихоботӣ дар Тоҷикистон

Масъулони интихоботии Тоҷикистон варақаҳои овоздиҳиро бо ҳифозати комил ба марокизи раъйгирӣ таҳвил хоҳанд дод.

Ба гузориши Азия Плюс, ин кишвар иқдомоти амниятии вижаеро барои баргузории интихоботи парлумони пешбинӣ кардааст.

Комиссияи марказии интихобот ва раъйпурсӣ (КМИР)-и Тоҷикистон ирсоли варақаҳои овоздиҳиро,оғоз кардааст.

Маҳаллҳое, ки дар он раъйгирӣ мешавад тавассути мақомоти муҷрии қонун ҳимоят мешаванд. Дар Тоҷикистон 4 миллиону 700 ҳазор нафар ҳаққи раъйдиҳӣ доранду ба қитъаҳои овоздиҳӣ меоянд.

КМИР эълом кард: “Варақаҳои овоздиҳӣ, ки якчанд сатҳи ҳимоя доранд, асосан бо забони давлатӣ - тоҷикӣ, ҳамчунин қисмате бо забонҳои русиву ӯзбекӣ ва қирғизӣ нашр шудаанд”.

Ҳар ҳафт ҳизби сиёсии сабти ном шуда дар интихоботи Тоҷикистон ширкат хоҳанд кард. Илова бар интихоботи маҷлис, интихоботи маҷлиси маҳаллии намояндагони мардум ба таври ҳамзамон баргузор мешавад.

Мутобиқи қонуни Тоҷикистон, агар беш аз 50% аз кулли 4.7 миллион раъйдиҳанда сабт шуда ба марокизи раъйгирӣ биёянд, интихобот таъйин шуда барои аввали март мӯътабар хоҳад буд.

Барои иҷрои интихоботи парлумонӣ дар Тоҷикистон, 3 ҳазору 371 шӯъбаи раъйгирӣ дар ин кишвар пешбинӣ шудааст.

Барои шаҳрвандони тоҷики сокини кишварҳои хориҷӣ 39 маҳалли раъйгирӣ, пешбинӣ шудааст.