Феврал 27, 2020 18:09 Asia/Dushanbe
  • Интисоби ҳамоҳангкунандаи доими СММ дар Тоҷикистон

Ҳамоҳангкунандаи доими СММ милал дар Тоҷикистон мансуб шуд.

Ба гузориши Азия Плюс, Антониу Гутерриш, дабири кулли Созмони Милали Муттаҳид бо таъйиди давлати мизбон, Сезин Синаноғлу аз Туркияро ба унвони ҳамоҳангкунандаи доими СММ дар Тоҷикистон мансуб кард.

Хонум Сезин Синаноғлу 22 сол собиқаи фаъолият дар бахши барномаи тавсеаи Созмони милал (UNDP) ва ҳамоҳангкунандаи муқими СММ дар Босния ва Ҳерсеговинаро дар корномаи кории худ дорад,ӯ то поёни соли 2018 ба унвони намояндаи муқими UNDP низ фаъолият мекард. Пеш аз он, ӯ ҳамоҳангкунандаи СММ ва намояндаи муқими UNDP дар Муғулистон буд.

Вай ҳамчунин дорои мақомҳои аршад дар барномаи тавсеаи СММ дар Ироқ, Туркманистон ва Қирғизистон ва ҳамчунин дар барномаи довталабонаи Созмони милал дар Бонне (Олмон) аст.

Хонум Сезин Синаноғлу фавқулисонси шаҳрсозӣ аз донишгоҳи фаннии Ховари Миёна дар Анкара аст.