Пардохти вом бо баҳраи кам дар “Спитаменбонк”-и Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51301-Пардохти_вом_бо_баҳраи_кам_дар_Спитаменбонк_и_Тоҷикистон
“Спитаменбонк”-и Тоҷикистон аз пардохти вом бо баҳраи кам хабар дод.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Феврал 28, 2020 13:28 Asia/Dushanbe
  • Пардохти вом бо баҳраи кам дар “Спитаменбонк”-и Тоҷикистон

“Спитаменбонк”-и Тоҷикистон аз пардохти вом бо баҳраи кам хабар дод.

Ба гузориши “Азия плюс”, таблиғот то 30 апрел муътабар хоҳад буд. Ҳаддиаксари коҳиши нархи баҳра дар вом ба арзи миллӣ дар ҳудуди 6 дарсад дар сол аст. Ҳаддиақали нархи ҷадиди ин иқдом 14% дар сол ба доллари Амрико ва аз 20% дар пули миллии сомонӣ аст.

Коҳиши нархи арз иллати аслии афзоиши тақозои ҷамъияти кишвар барои вомҳои басарфа эълом шудааст.

Ин иқдом ба гунае оғоз шуд, ки теъдоди бештаре аз сокинони Тоҷикистон битавонанд бидуни мушкилӣ, шароити зиндагиро беҳбуд бахшанд.

Мақсуд Ҳасанов, раиси бахши пардохти воми “Спитаменбонк”-и Тоҷикистон гқфт, вомҳои ҳамроҳ босарфа фурсатеро барои таҳаққуқи идеяи муштарӣ дар замони муносиб фароҳам меоварад ва дар айни ҳол коҳиши нархи баҳра дар чунин маболиғе нишонгари тамоюли “Спитаменбонк”-и Тоҷикистон барои ироаи хадамоти молии мақрун басарфа ба мардум ва тамаркуз бар ҳамкориҳои тӯлонимуддат ва судманди дуҷониба аст.

Ӯ афзуд, илова бар ин, ин пӯиш ҳамчунин шароити вижае барои воми мошин бо 0% пешпардохт (қаблан пешпардохт 30% буд) ҳам барои хариди мошинҳои нав ва ҳам аз бозори сонавия фароҳам карда буд, ки ин низ як пешниҳоди ҷаззоб барои муштариён аст.

Мақсуд Ҳасанов ҳамчунин гуфт, “Спитаменбонк”-и Тоҷикистон бо шинохти аҳамияти тавсеаи хадамоти молӣ барои ҷамъият, маҳсулоти бонкии беҳинаро ироа медиҳад, нархи баҳраи вомро ба ҳадди ақал мерасонад, иҷтиноб аз қиматҳои пинҳон ва шароити мавҷуд, дар қарордод аст.