Феврал 28, 2020 17:33 Asia/Dushanbe
  • Кашфи қурсҳои равонгардон дар Тоҷикистон ба арзиши ҳудуди як миллион доллар

Арзиши маводи мухаддири санъатии кашфшуда дар Тоҷикистон ҳудуди як миллион доллар тахмин зада мешавад.

Ба гузориши “Азия плюс”, Хадамоти матбуотии Вазорати умури дохилии Тоҷикистон эълом кард, кормандони идораи таҳқиқоти ҷиноии ин вазоратхона се шаҳрванди афғонистониро бо як маҳмулаи бузурги доруҳои маснӯӣ дар ҳангоми анҷоми фаъолиятҳои амалиётӣ-ҷустуҷӯӣ, боздошт карданд.

Онҳо 10 кило доруи маснӯии метамфетамин, ки дар шаш кисаи плостикӣ бастабандӣ шуда буд, кашф карданд.

Як парвандаи қазоӣ алайҳи шаҳрвандони хориҷӣ ташкил шудааст ва таҳқиқот идома дорад.

Ин манбаъ ҷузъиёти дигаре дар ин маврид эълом накардааст.

Пеш аз ин, Шерхон Салимзода, раиси Ожонси контроли маводи мухаддир дар як конфронси матбуотӣ гуфт, дар солҳои ахир теъдоди ташаннуҷ ба иллати масрафи доруҳои равонгардони маснуӣ дар кишвар афзоиш ёфтааст.

Вай гуфт, дар соли 2018-и мелодӣ 15 ҳазору 800 адад қурси равонгардон ва дар соли гузашта 7 ҳазору 500 адад аз ин мавод кашфу мусодира шуд.

Вай сипас гуфт, ки дар Тоҷикистон ин қурсҳо дар бозори умдафурӯшӣ ба қимати 20 то 25 доллар (муодили 200-250 сомонӣ) фурӯхта мешавад, вале дар бозори хӯрдафурӯшӣ қимати онҳо аз 300 сомонӣ ҳам бештар аст.

Бо таваҷҷуҳ ба ин ки миёнгини вазни як қурс 0.4 грам аст, ҳазинаи доруҳои маснуии мусодирашуда метавонад ҳудуди як миллион доллар бошад.