Сафҳои тӯлонии тоҷикистониҳои муқими Русия барои ширкат дар интихобот
Сафорати Тоҷикистон дар Русия аз сафҳои саднафарии тоҷикони муқими Маскав барои ширкат дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии ин кишвар хабар дод.
Ба нақл аз Спутник, видеоҳои мунташиршуда аз сафорати Душанбе дар Маскав нишон медиҳад, ки садҳо нафар дар беруни сохтмони сафорати Тоҷикистон бо дар даст доштани парчамҳои кишварашон, дар навбат барои раъйдиҳӣ истодаанд.
Дар Русия, дар шаҳрҳои Маскав, Санкт-Петербург, Новосибирск, Екатеринбург ва Уфа марказҳое барои раъй додани тоҷикон барпо шудааст.
Хабаргузории Ховар низ аз ҳузури густурдаи тоҷикони муқими Новосибирск дар шӯъбаи раъйгирии ин шаҳр хабар додааст.
Бар асоси ин гузориш, аз нахустин соатҳои бомдоди имрӯз ҳайати расмии намояндагони консулгарӣ, коркунони намояндагии Вазорати кор ва муҳоҷирати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Новосибирск, раисони ҷамъиятҳои тоҷикони Новосибирск, Красноярск, Омск, Новокузнетск ва Кемерово барои раъй додан ба номзадҳои мавриди назари худ дар интихоботи парлумонӣ ва шӯроҳои маҳаллии Тоҷикистон, дар консулгарии ин кишвар дар шаҳри Новосибирск ҳузур ёфтанд.