Тавзеҳи Тоҷикистон дар бораи тафовути омории муомилоти тиҷорӣ бо Узбакистон
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии ин кишвар иллати тафовути омрии муомилоти тиҷории ин кишвар бо Узбакистонро тавзеҳ дод.
Ба нақл аз сомонаи Фарғона, дар баёнияи Ожонси давлатии омори Тоҷикистон таъкид шудааст, ки вуҷуди тафовут дар мизони муомилоти тиҷорӣ бо Узбакистон дар моҳи январ ба навъи муҳосибаи шохисҳои тиҷорати хориҷии ин ду кишвар муртабит аст.
Узбакистон кишваре транзитӣ дар масири интиқоли колоҳои Тоҷикистон аст ва андозҳои дарёфтӣ аз ин муомилотро ба унвони тиҷорати хориҷӣ бо Тоҷикистон муҳосиба мекунад, дар ҳоле, ки дар Тоҷикистон мизони воридот ва содирот ҷудогона муҳосиба мешавад.
Ожонси давлатии омори Тоҷикистон эълом карда, ки дар моҳи январ арзиши муомилоти тиҷории ин кишвар бо Узбакистон 22 миллиону 800 ҳазор доллар буда, ки дар муқоиса бо давраи мушобеҳи соли пеш афзоиши 2 аз даҳ ду дарсадиро нишон медиҳад.
Дар моҳи январи имсол Тоҷикистон ба Узбакистон 3 миллиону 600 ҳазор доллар маҳсулот содир карда ва аз ин кишвари ҳамсоя 19 миллиону 200 ҳазор доллар коло ворид кардааст.
Аммо Кумитаи давлатии омори Узбакистон эълом кардааст, ки дар моҳи январ мизони муомилоти тиҷории ин кишвар бо Тоҷикистон 30 миллион доллар буда, ки 11 миллиону 300 ҳазор доллари он воридоти маҳсулоти тоҷикистонӣ будааст.
Ба ин тартиб тафовути омории ниҳодҳои давлатии Тоҷикистон ва Узбакистон дар бораи мизони муомилоти тиҷории ин ду кишвар 8 миллион доллар аст.
Ин тафовути оморӣ дар мизони муомилоти тиҷории Тоҷикистон ва Узбакистон дар соли 2019 низ вуҷуд дошт. Тоҷикистон ин шохисро 362 миллион доллар ва Узбакистон 497 миллион доллар эълом кард.