Март 02, 2020 19:20 Asia/Dushanbe
  • Қаҳрамонии дастаи футболи “Кӯктош”-и Тоҷикистон

Дастаи футболи “Кӯктош” барои нахустин бор қаҳрамони Ҷоми Федератсияи футболи Тоҷикистон (ФФТ) 2020 шуд.

Ба гузориши Авесто,барои аввалин бор дастаи футболи “Кӯктош” қаҳрамони Ҷоми Федератсияи футбол Тоҷикистон шуд.

Дар бозии финалӣ шогирдони сармураббӣ Раҳматулло Фузайлов дастаи “Равшан”-и Кӯлобро бо ҳисоби 2 ба 1 мағлуб карданд.

Ин мусобиқа дар варзишгоҳи марказии Душанбе, бо ҳузури 5200 тамошогар баргузор шуд. Голҳоро аз дастаи ноҳияи Рӯдакӣ Муҳсин Абдуғаффоров ва Муҳиддин Одилов ба нишон расониданд.

Дар вохӯрӣ барои ҷойи сеюм дастаи “Душанбе-83” тими КМВА (ССКА)-ро бо ҳисоби 3 бар 2 шикаст дода, ба ҷоизаи биринҷии Ҷоми ФФТ-2020 соҳиб шуд.

Ҷоми Федератсия-2020 ҳам аз Алишер Урунов, муовини раиси Федератсияи футболи Тоҷикистон ба дастаи бартар эҳдо шуд.