Март 02, 2020 19:39 Asia/Dushanbe
  • Таъсиси бонки ҷадид дар Тоҷикистон

Як бонки давлатии ҷадид барои пуштибонӣ аз сандуқи ҳимоят аз корофаринӣ дар Тоҷикистон таъсис хоҳад шуд.

Ба гузориши Азия Плюс, Суҳайлӣ Абдулваҳҳобов, сармутахассиси Раёсати таҳлили бонкии департаменти нозироти бонкии БМТ, дар як мизгирд дар Душанбе гуфт, “Вазорати молия ҳуҷҷатҳои заруриро таҳия ва ҷамъоварӣ намуда, ба наздикӣ барои гирифтани иҷозатнома ба Бонки миллии Тоҷикистон (БМТ) ариза пешниҳод мекунад”. Ӯ гуфт, ҳадаф аз таъсиси як бонки ҷадид таъмини молии ширкатҳои тавлидӣ аст.

Файзиддин Қаҳҳорзода, вазири молияи тоҷикистон нимаи моҳи феврал дар нишасти матбуотӣ хабар дод, ки айни замон ҷиҳати омода кардани оинномаи ин бонк корҳо ҷараён дошта, сарчашмаҳои имконпазири маблағгузории ин ташкилоти қарзӣ мавриди баррасӣ қарор дорад.

Файзиддин Қаҳҳорзода гуфт,“Меъёрҳо муайян шудаанд, ҳаҷми сармояи оинномавӣ бояд аз 50 млн сомонӣ (5,1 млн доллар) зиёд бошад”

Раисҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи паёми ахир супориш дод, ки барои дастгирии соҳибкории хурду миёна, бахусус, истеҳсолгарон ва содиркунандагони маҳсулот бонк таъсис дода шавад.