Март 03, 2020 09:57 Asia/Dushanbe
  • Оғози тавлиди нахустин маҳлули зиддикоронавирус дар Тоҷикистон

Мутахассисони пизишкии Тоҷикистон барои нахустин бор муваффақ ба тавлиди маҳлули зиддикоронавирус ва анвои бемориҳои сироятӣ дар ин кишвар шуданд.

Ба нақл аз Ховар, Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон  бо мақсади мубориза бо вирусҳо, аз ҷумла намудҳои гепатит, ВИЧ/СПИД, зукоми мавсимӣ ва, албатта, коронавирус бо пешниҳоди Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба истеҳсоли гипохлорити натрийи тиббӣ оғоз намуд. 

Ба гуфтаи Фарҳод Раҳимӣ,  раиси Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон гипохлорити натрий бо мақсади безаҳрсозии қабати беруна, шустушӯи даст, ҳолати беҳдоштию санитарӣ, безаҳрсозии зиддивирусии ҷойҳои ҷамъиятӣ, корӣ ва ғайраҳо истифода мешавад.

Бар асоси оморҳои  масъулини Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, то ҳол дар ҷумҳурӣ гипохлорити натрийи тиббӣ истеҳсол нагардида, ин маҳсулот пурра аз хориҷи мамлакат ворид мешуд.

Дар ҳамин ҳол  Мирҳамуддин Камолзода, муовини вазири тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳоли ҶТ акшниҳод кард, ки истеҳсоли аввалин ба Беморхонаи касалиҳои сироятӣ дар шаҳри Душанбе, ки дар он ҷо нафарони дар карантинбуда нигоҳ дошта мешаванд, интиқол дода шавад.

Дар Тоҷикистон ҳануз мавориде аз ибтилои ашхос ба коронавирус гузориш нашудааст, бо вуҷуди ин мақомоти Тоҷикистон тадбирҳои шадид зиддикоронавирус дар саросари ин кишвар гирифтаанд.