Боздошти як фиребгар ба иттиҳоми дарёфти ришва дар Кулоб
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51427-Боздошти_як_фиребгар_ба_иттиҳоми_дарёфти_ришва_дар_Кулоб
Як нафар бо ҷаъли унвони устоди донишгоҳ дар Кулоб ба иттиҳоми дарёфти ришва дастгир шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 03, 2020 08:35 Asia/Dushanbe
  • Боздошти як фиребгар ба иттиҳоми дарёфти ришва дар Кулоб

Як нафар бо ҷаъли унвони устоди донишгоҳ дар Кулоб ба иттиҳоми дарёфти ришва дастгир шуд.

Ба нақл аз Азия-Плюс, кормандони Ожонси назорат бар умури молӣ ва муқобила бо фасод бо таваҷҷуҳ ба дарёфти ришва, яке аз сокинони шаҳри Кулоб ба номи Басбӣ Каюмоваро боздошт карданд.

Маркази матбуотии бахши мубориза бо фасоди идорӣ эълом кард, вай бо муаррифии худ ба унвони омӯзгор дар донишгоҳи иёлатии Кулоб 12 ҳазор доллар ришва барои тасҳил дар пазириш дар Донишгоҳи пизишкии Тоҷикистон дархост кард.

Ин марказ ҳамчунин эълом кард, ин омӯзгори дуруғин ҳангоми дарёфти ришва ба маблағи 2 ҳазору 300 доллар ва 17.6 ҳазор сомонӣ боздошт шуд.

Алайҳи ин муттаҳам парвандаи қазоӣ ташкил шуда ва ба эҳтимоли зиёд ӯ тибқи моддаи 247, банди 4 ба 12 соли зиндон маҳкум хоҳад шуд.