Март 03, 2020 12:42 Asia/Dushanbe
  • Фавти созмондиҳандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба сайёҳони хориҷӣ дар зиндони Тоҷикистон

Созмондиҳандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба сайёҳони хориҷӣ дар зиндони Тоҷикистон даргузашт.

Раиси Созмони зиндонҳои Тоҷикистон даргузашти созмондиҳандаи ҳамлаи мусаллаҳона ба сайёҳони хориҷӣ  дар тобистони соли 2018 дар зиндонро таъид кард.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, Мансурҷон Умаров гуфт, Ҳусейн Абдусамадов, ки ба иттиҳоми тарроҳӣ ва иҷрои ҳамла ба гардишгарони хориҷӣ дар тобистони соли 2018 ба ҳабси умрбарбод маҳкум шуда буд, ба далели беморӣ дар зиндон фавт кард.

Вай таъкид кардааст, ки иллати фавти Ҳусейн Абдусамадов  баррасӣ мешавад.

Ҳусейн Абдусамадов, саркарда ва танҳо фарди зиндаи дастгиршуда аз гурӯҳи муҳоҷимон ба гардишгарони хориҷӣ дар шаҳристони Данғара буд.

Боқии аъзои гурӯҳи муҳоҷимон дар амалиёти нерӯҳои давлатӣ кушта шуданд.

Дар ин ҳодиса, ки 29 июли 2018 рух дод, чаҳор гардишгар аз кишварҳои Амрико, Нидерландия ва Швейтсария кушта ва теъдоде низ захмӣ шуданд, мақомоти қазоии Тоҷикистон замони судури ҳукми маҳкумияти Ҳусейн Абдусамадов эълом карданд, ки вай гуфта, ки аз ҳамла ва кушта ва захмӣ шудани гардишгарони хориҷӣ пушаймон нест.

Гурӯҳи террористии ДИИШ масъулияти ин ҳамларо бар уҳда гирифта буд.