Март 03, 2020 14:53 Asia/Dushanbe
  • Фаолияти 6 маркази нигоҳубини  солхурдагон дар Тоҷикистон

Дар Тоҷикистон шаш маркази нигоҳубини шабонарӯзӣ ва ҳашт маркази минтақаии хадамоти иҷтимоии солхурдагон вуҷуд дорад.

Ба нақл аз хабарнигори Фағона, ҳудуди ҳазор нафар дар ин теъдод марказ нигоҳубин мешаванд.

Онҳо мегӯянд, ки ҳамачиз хуб аст ба онҳо чаҳор бор дар рӯз ғизо дода мешавад, ҳар утоқак як телевизион, яхдон ва ҳоҷатхона дорад.

Ин муассиса ҳамчунин як толори варзишӣ, иҷтимоъот ва намозхона дорад.

Ба гуфтаи меҳмомонон, кормандони инҷо меҳрубон ва мутахассис ҳастанд, аммо бо вуҷуди ҳамаи имконот бештари онҳо мехоҳанд ба хонаи худ бозгарданд ва боқии умри худро дар байни қавму хеш гузаронанд, дар ҳақиқат бисёре аз онҳо дорои қавму хеш ҳастанд, аммо онҳо дар минтақаҳои дурдаст зиндагӣ мекунанд ва ё намехостанд аз солхурдагони худ, ки бештари онҳо бемор, заиф ва ба нафақа баромадагӣ ҳастанд, муроқибат кунанд.

Уғлӯ Шарифова бист сол ба унвони контролкунанда дар корхонаи Алмоси Хуҷанд кор кард, вай пас аз таътилии корхона, барои чандин сол дар Маркази тандурустии Суғд фаолият кард ва сипас ба нафақа баромад, ӯ дар яке аз маҳаллаҳои Хуҷанд бо фарзанд, домод ва се набераи худ зиндагӣ мекард.

Писари Углӯ Шарифова ба иллати варшикастагӣ ба кор ба Русия сафар кард, бинобарин Уғлӯ Шарифоваи 62 сола маҷбур шуд барои гузарондани зиндагӣ вориди Маркази хадамоти иҷтимоии солхурдагон ва маъюбон шавад.

Ба гуфтаи Углӯ Шарифова, ӯ азҷобаромадагии модарзодии мафсали рони пой дорад ҳудуди як соли пеш ҳам аз баландӣ сарозер шуд ва пояш шикаст, ки ҳануз ба таври комил беҳбуд наёфтааст. Акнун ӯ наметавонад мустақилона ҳаракат кунад ва нафақае, ки мегирад ба ҳадде кам аст, ки ҳатто барои дору ҳам кофӣ нест.

Ӯ мегӯяд пас аз сафари Азимҷон ба Русия ман ноумед шудам, аммо Худо барои ман писаре ба фарзандӣ фиристод, ки ӯро дар хиёбон мулоқот кардам аз ӯ ба унвони раҳгузар тасодуфан саволе пурсидам, ӯ, ки вазъи бемории маро дид аз ман дар бораи мушкилоти беморӣ савол кард ва ман дар бораи мушкилоти зиндагии худ бо ӯ суҳбат кардам,аз он рӯз ба баъд фарзандхондаи ман дойимо аз назари молӣ ва ахлоқӣ аз ман пуштибонӣ мекунад.

Ӯ Мансур Худойкулов, раиси шуъбаи Ҳумобонк дар Хуҷанд буд, ӯ дар мавриди хариди доруҳо ва маводи лозим ба ман кӯмак мекунад.

Уғлӯ Шарифова идома дод, писари худам агарчи ҳар се чаҳор рӯз як бор аз Русия тамос мегирад, аммо барои ман пул намефиристад.

Ӯ мегӯяд, ман фикр мекунам ӯ дигар барнамегардад ва ҳатто агар баргардад аз ман муроқибат намекунад.