Март 03, 2020 16:22 Asia/Dushanbe
  • Ширкати муштзанҳои Тоҷикистон дар мусобиқоти Аман

Муштзанҳои Тоҷикистон дар бозиҳои интихобии олимпӣ дар Аман ширкат мекунанд.

Ба гузориши “ТоҷикТА”, маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон эълом кард, ин мусобиқот имрӯз дар Аман, пойтахти Урдун оғоз мешавад ва то 11 март идома хоҳад дошт.

Дар бахши оқоён Мирзомуҳаммад Бахтиёр дар вазни 75 кило бо намояндаи Кореяи Ҷанубӣ мубориза мекунад. Дар 4 март ва дар раддабандии вазнаҳои 52 кило намояндаи Тоҷикистон Шуҳрат Сабзаев муқобили муштзани муғул Енҳмандаҳа Ҳарҳуу вориди ринг хоҳад шуд ва Шералӣ Муҳаммадалиев дар вазни то 69 кило бо Нурсултон Маматалӣ аз Қирғизистон ба майдон меравад.

Дар таърихи 5-уми март Баҳодур Усмонов дар вазни 63 килограмм муқобили барандаи Арган Қадирбекуғлу (Қирғизистон) ва Санел Шаҳи (Непал) вориди ринг мешавад ва дар вазни то 81 кило Шаббос Неъматуллоев бо Файзуллоҳ Айюбӣ мубориза мекунад.

6 март Давлат Болтаев дар вазни 91 кило дар муқобили Эрденбайер Сандагсурен, намояндаи Муғулистон вориди ринг хоҳад шуд ва дар вазни +91 кило Сиёвуш Зуҳуров ба масофи Леуил Мауу, муштзани нюзеландӣ меравад.

7 март Бахтиёр Сагизов дар раддабандии вазнаҳои 57 кило қарор мегирад. Рақиби вай намояндаи Ҳонконг Шин Ю Тсо хоҳад буд.

Дар бахши бонувон Миҷгона Самадова, намояндаи Тоҷикистон дар раддаҳои зери 57 кило бо С. Николсен аз Австралия мубориза мекунад ва Шоира Зулқарнаева дар дастаи 60 кило дар ринг муқобили Йеонҷи Ох аз Кореяи Ҷанубӣ қарор мегирад. 6 март низ Нилуфар Бобоёрова  бо намояндаи Таиланд Байсон Маникон дар вазни 69 кило ба масофи ҳам мераванд ва дар 7 март Сумая Қосимова муқобили Рейм Ҳамдан Мансур Алмрихел  аз Урдун дар вазни то 51 кило вориди ринги бокс хоҳад шуд.

Дар маҷмӯъ 250 варзишкор аз 40 кишвари ҷаҳон дар ин мусобиқоти бокс дар Аман бо ҳам рақобат мекунанд.