Ташкили ҷиноҳҳои сиёсӣ дар парлумони ҷадиди Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51449-Ташкили_ҷиноҳҳои_сиёсӣ_дар_парлумони_ҷадиди_Тоҷикистон
Ҳизбҳои кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва халқии демократии Тоҷикистон ҷиноҳҳои худро дар парлумони ҷадид ташкил медиҳанд.
(last modified 2025-01-16T07:54:01+00:00 )
Март 03, 2020 16:42 Asia/Dushanbe
  • Ташкили ҷиноҳҳои сиёсӣ дар парлумони ҷадиди Тоҷикистон

Ҳизбҳои кишоварзӣ, ислоҳоти иқтисодӣ ва халқии демократии Тоҷикистон ҷиноҳҳои худро дар парлумони ҷадид ташкил медиҳанд.

Ба гузориши “Азия плюс”, Рустам Латифзода, раиси Ҳизби кишоварзии Тоҷикистон гуфт, ин ҳизб дар парлумони ҷадид ҳафт курсиро ба даст овард. Ба гуфтаи вай, чаҳор намояндаи кишоварзон аз феҳрасти аҳзоб ва се нафар дар ҳавзаҳои интихоботии якмандатӣ муваффақ ба вуруд ба парлумон шудаанд. Рустам Латифзода гуфт, мутобиқ бо қавонини Тоҷикистон, он даста аз аҳзоби сиёсие, ки ҳадди ақал панҷ намояндаи худро вориди парлумон мекунанд, ҳақ доранд, ҷиноҳҳои худро дар парлумони ҷумҳурӣ ташкил диҳанд.

Илова бар Ҳизби кишоварзӣ дар парлумони ҷадиди Тоҷикистон барои аввалин бор дар таърих Ҳизби ислоҳоти иқтисодӣ низ ҷиноҳи худро ташкил медиҳад. Рустам Қудратов, раҳбари Ҳизби ислоҳоти иқтисодии Тоҷикистон низ гуфт, чор намояндаи аз ин ҳизб аз рӯйхати ҳизбӣ ва як мақоми дигари он аз тариқи ҳавзаи интихоботии якмандатии Бохтар ба маҷлис роҳ ёфтаанд.