Март 03, 2020 18:04 Asia/Dushanbe
  • Дидори нахуствазири Тоҷикистон  бо раиси Кумитаи иҷроияи ИДМ

Нахуствазири Тоҷикистон дар Душанбе бо раиси Кумитаи иҷроияи нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил дидор кард.

Ба гузориши “Авесто” ва хадамоти матбуотии Кумитаи иҷроияи ИДМ, Сергей Лебедев ба ҳирфаӣ будани баргузоркунандагони интихобот ва наҳваи бархӯрди онҳо бо раъйдиҳандагон ишора кард. Вай гуфт: "Бо таваҷҷуҳ ба гузоришҳои нозирон, бар асоси бардоштҳои шахсии ман ба унвони раиси ҳайат метавонам бо итминон бигӯям, ки мо ҳеҷ нуқси ҷиддӣ ё ҳадди ақал қобили таваҷҷуҳеро мушоҳида накардем, ки бихоҳем барои бартараф кардани он иқдом кунем”.

Раиси Кумитаи иҷроияи нозирони Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил гуфт, тамоми гурӯҳ ба ин натиҷа расидааст, ки интихобот мутобиқ бо Қонуни Асосӣ ва муқаррароти интихоботии Ҷумҳурии Тоҷикистон баргузор шуд. Ӯ афзуд, интихобот бо усули шинохташудаи баргузории интихоботи демократӣ мутобиқат дошта ва бар асоси рақобати ошкору аланӣ баргузор шуд.