Таваққуфи фаъолиятҳои гардишгарӣ дар Тоҷикистон
Кумитаи тавсеаи гардишгарии Тоҷикистон аз ширкатҳои гардишгарӣ хостааст, ки ба таври муваққат аз сомондеҳии гардишгарони дохилӣ ва хориҷии худдорӣ кунанд.
Ба гузориши “Спутник”, далели ин тасмим паҳншавии “корона вирус" дар теъдоде аз кишварҳои ҷаҳон баён шудааст ва ин кумита низ ин тасмимро бар асоси иттилооти Вазорати беҳдошт, дармон ва ҳимояти иҷтимоии Ҷумҳурии Тоҷикистон гирифтааст.
Ширин Амонзода, раиси Кумитаи тавсеаи гардишгарии вобаста ба ниҳоди раёсатҷумҳурии Тоҷикистон гуфт, ин тасмим бо машварати Вазорати беҳдошт, дармон ва ҳимояти иҷтимоии ҷамъият ва ҳамчунин барои ҳифзи ҷону амнияти гардишгарони хориҷӣ ва дохилӣ гирифта шудааст.
Ба гуфтаи Амонзода, ин як тасмими муваққат аст ва ба ширкатҳо иблоғ шудааст, ки аз вуруди мусофирони хориҷӣ ба Тоҷикистон ҷилавгирӣ ва аз сафари тоҷикон ба соири кишварҳо худдорӣ кунанд.
Вай афзуд, ин иқдом бо ҳадафи раҳоии шаҳрвандони Тоҷикистон аз ин бемории уфунӣ, ки рӯз ба рӯз дар ҷаҳон ривоҷ дорад, мебошад.