Тоҷикистон дар листи бадтарин кишварҳо дар амнияти сайберӣ
(last modified Wed, 04 Mar 2020 16:58:28 GMT )
Март 04, 2020 21:58 Asia/Dushanbe
  • Тоҷикистон дар листи бадтарин кишварҳо дар амнияти сайберӣ

Тоҷикистон дар листи бадтарин кишварҳо дар амнияти сайберӣ қарор дорад.

Ба гузориши “Спутник”, дар рутбабандии амнияти сайберӣ, ки аз сӯйи коршиносони англис таҳия шудааст, Тоҷикистон мақоми аввалро ба ҳамроҳи Алҷазоир ба даст овард ва бадтарин амалкардро дар амнияти сайберӣ дар ҷаҳон доштааст.

Коршиносони як ширкати таҳқиқотии англисӣ мутолиае дар мавриди сатҳи амнияти сайберӣ дар ҷаҳон мунташир карданд.

Ин рутбабандӣ шомили 76 кишвар буда, ки имсол 16 кишвар ба ин рутбабандӣ изофа шудаанд, ки нишон медиҳад амалкарди бештари кишварҳо нисбат ба соли гузашта беҳбуд доштааст.

Дар ин таҳқиқ эълом шуда, ки Узбакистон бо афзоиши теъдоди ҳамалоти сайберӣ рӯ ба рӯ аст.

Алҷазоир бо вуҷуди пешрафти андак, ҳамчунон камтарин кишвари амни сайберӣ дар ҷаҳон аст. Бо ин ҳол, Тоҷикистон низ бо вуҷуди талошҳои зиёд ҳамчунон дар лист мақоми аввалро дорад.  

Мизони олуда будани дастгоҳҳои телефони ҳамроҳ, компютерҳо ба бадафзор, теъдоди ҳамалоти сайберии мухарриби молӣ, теъдоди ҳамалот аз тариқи telnet, теъдоди корбарони мавриди ҳамла, омодагии кишварҳо барои муқобила дар баробари ҳамалоти сайберӣ ва кишварҳое, ки охирин қавонини амнияти сайбериро доранд, аз ҷумлаи меъёрҳои ширкати англисӣ дар арзёбӣ худ будааст.

Ҳамчунин дар ин радабандӣ Дания амнтарин кишвари сайберӣ аст.