Март 05, 2020 14:03 Asia/Dushanbe
  • Баргузор нашудани ҷашни наврӯз дар Хуҷанд

Ҷашни наврӯз дар Хуҷанд бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон ба иҳтимоли зиёд баргузор намешавад.

Ба нақл аз Осиё плюс, наврӯзи имсол дар Тоҷикистон, барои пешгири аз шуюи вируси Карона ҳеҷ ҷашне баргузор намешавад.

Пеш аз ин қарор буд, ба муносибати фаро расидани наврӯз як ҳамоиши бошукӯҳ бо ҳузури раиси ҷумҳури Тоҷикистон дар Хуҷанд баргузор шавад.

Барномаҳои дидорҳои наврӯзии имсол дар давлат низ бо даъвати теъдоди маҳдуде аз меҳмонон ва ҳунармандон баргузор мешавад. Илова бар ин ситоди муқобила бо Карона вирус дастур дода,ки тамомии барномаҳои варзишӣ, пиёдаравии дастаҷамъӣ дар поркҳо ва маконҳои тафриҳӣ дар саро сари кишвар лағв шавад.

Вазорати дандурустии Тоҷикистон эълом карда,ки то кунун ҳеҷ мавриди расмие аз мубталоёни вируси Карона дар кишвар эълом нашудааст , бо ин ҳол, мақомот иқдомҳои пешгиронаеро барои пешгири аз шуюи вируси Карона ба дохили кишвар иҷро мекунанд.