Мушкили шунавоӣ дар навзодони мутаваллидшудаи Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51504-Мушкили_шунавоӣ_дар_навзодони_мутаваллидшудаи_Тоҷикистон
Мутахассиси гӯш дар вазорати тандурусти Тоҷикистон гуфт: аз ҳар1000 навзоди мутаваллид шуда дар Тоҷикистон ,се навзод мушкили шунавоӣ дорад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 05, 2020 11:51 Asia/Dushanbe
  • Мушкили  шунавоӣ  дар навзодони  мутаваллидшудаи  Тоҷикистон

Мутахассиси гӯш дар вазорати тандурусти Тоҷикистон гуфт: аз ҳар1000 навзоди мутаваллид шуда дар Тоҷикистон ,се навзод мушкили шунавоӣ дорад.

  Бино ба хабаргузории Осиё плюс , Сайфуллоҳ Раҳмонов нукоти  муҳимме дар мавриди чигунаги муроқибат аз гӯш баён кард.

  Мутахассиси  гӯш дар Вазорат тандурустии  Тоҷикистон гуфт : дар Тоҷикистон аз ҳар 1000 навзоди  мутаваллид шуда , се нафар мушкили  шунавоӣ  доранд.

  Ӯ гуфт:тамиз кардан гӯшҳои шумо ба ҳамон андоза муҳим аст, ки шустан сар , бадан , мисвок задани  дандонҳо ва ё беҳдошти чашм барои бузургсолон ва кӯдакон муҳим аст.

  Мутахассиси  гӯш дар  Вазорати  тандурусти Тоҷикистон гуфт:ҳангоме, ки гӯшҳои шумо осеб диду ё эҳсоси дард доштед, қатъан бояд бо пизишки  гӯш ,ҳалқ ва бинӣ машварат кунед.

 Ӯ афзуд: метавон бо дармонҳои хонагӣ , дард гӯшро таскин дод аммо , агар бо пизишк машварат кунед беҳтар аст.

 Сайфуллоҳ  Раҳмонов гуфт : агар сабаби гӯш дард  вуруди  ҳашара ба дохили маҷрои гӯш бошад, маҷрои гӯшро бояд бо равғани гиёҳӣ  пур кунед ва ҳашараро бикушед , ки ин амр боис таскини дард хоҳад шуд.

  Мутахассии  гӯш  дар вазорати  тандурустии Тоҷикистон дар мавриди коҳиши  шунавоӣ  ҳам афзуд: коҳиши  шунавоӣ  метавонад ногаҳонӣ ё тадриҷӣ  бошад . Гоҳе авқот як мушкили пизишкӣ сабаби  камшунавоиӣ мешавад,  вале бештар кам шунавоӣ  иртибот бо синни  боло ва ё кор дар муҳитҳое  ҳаст, ки садоҳои баланд дар онҷо шунида мешавад.

  Ин мутахассис гӯш ҳамчунин ба навҷавонон ва ҷавононе, ки ба муддати тӯлони аз ҳадафу  барои шунидан мусиқӣ  бо садои баланд истифода мекунанд тавсия кард, ки ин корро идома надиҳанд,  зеро садои баланд гӯшро таҳти таъсир қарор медиҳад ва ба тадриҷ боиси  кам шунавоӣ  мешавад.