Даҳ сол зиндон барои сохтакории корти шиносоии полис дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51509-Даҳ_сол_зиндон_барои_сохтакории_корти_шиносоии_полис_дар_Тоҷикистон
Як муҷрим ба иттиҳоми ҷаъли унвони полис ва таҳдид дар Тоҷикистон ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 05, 2020 12:48 Asia/Dushanbe
  • Даҳ сол зиндон барои сохтакории корти шиносоии полис дар Тоҷикистон

Як муҷрим ба иттиҳоми ҷаъли унвони полис ва таҳдид дар Тоҷикистон ба 10 сол зиндон маҳкум шуд.

Бино ба гузориши сайти Фарғона ва хадамоти матбуоти додситони кулли Тоҷикистон,додгоҳе дар шаҳри Ҳисор , воқеъ дар 30 километрии Душанбе , Фирдавс Саидзодаро ба иттиҳоми аххози аз заноне, ки вай худро ба унвони полис ба инҳо муаррифи карда буд ба 10 сол зиндон маҳкум кард.

Хадамоти матбуоти додситони  кулли  Тоҷикистон эълом кард, дар сентябри 2019, Саидзода бо хонум Абдуллоева дар меҳмонхонае мулоқот кард, вай дар ин мулоқот бо нишон додани корти  шиносоии ҷаълӣ худро маъмури  полис муаррифӣ ва таҳдид кард, ки агар ӯ 2000 сомонӣ (муодили 200 доллар) -ро ба вай пардохт накунад, Абдуллоеваро ба далели  фасоди  ахлоқӣ боздошт хоҳад карду ба хонаводаи  ӯ ҳам иттилоъ хоҳад дод.

Абдуллоева бо тарс аз таҳдидҳо, 800 сомонӣ (муодили 80 доллар) ба Саидзода пардохт мекунад ва ӯ ҳам қавл медиҳад, ки ҳеҷ коре алайҳи ӯ анҷом надиҳад.

Хадамоти  матбуоти додситони кулли  Тоҷикистон гузориш дод, ки Саидзода чанд рӯз баъд аз сокини дигаре аз Ҳисор аххозӣ мекунад ва бо таҳдидҳои мушобеҳ, ҳазор сомонӣ (муодили 100 доллар) аз нафари дувум пул дарёфт мекунад, ки ин мард ҳангоми  интиқоли ин пул боздошт шуд.