Март 05, 2020 17:20 Asia/Dushanbe
  • Узвияти ифтихории ҳунарманди машҳури тоҷик дар

Олимхон Рабиев, мудири академияи мусавирии Тоҷикистон, академики бунгоҳи рассомии "Новая эра" шуд.

Ба анвиштаи сомонаи Спутник, дар Академияи мусаввирии Тоҷикистон маросими супоридани шаҳодатнома ва нишони сарисинагии Академияи мусаввирии Тоҷикистон ва Академияи мусавирии ҷаҳонии "Новая эра" баргузор шуд.

Ба гузориши манбаъ, мудири Академияи мусаввирии ҷаҳонии "Новая эра" ба ҳамтои тоҷикаш, Олимхон Рабиев шаҳоданома ва нишони сарисинагии Академияи мусаввирии ҷаҳонии "Новая эра"-ро эҳдо кард.

Олимхон Рабиев барои саҳми арзандааш дар рушди санъати тасвирии ватанӣ ва ҷаҳонӣ бо унвони фахрии Академики Академияи мусаввирии ҷаҳонии "Новая эра" қадр гардид.

Президенти Академияи мусаввирии ҷаҳонии "Новая эра"-и Русия Анатолий Силов низ соҳиби унвони фахрии академики Академияи мусаввирии Тоҷикистон гардид.

Олимхон Рабиев ва Анатолий Силов гуфтаанд, ки ин дидор барои рушди ҳамкориҳо ва ташкили намоишҳои якҷояи рассомони русу тоҷик ва табодули таҷрибаи байни онҳо муфид хоҳад буд.

Рабиев дар 17 апрели 1963 дар минтақаи Ваҳдат мутаваллид шуд. Вай хатм кардаи Донишкадаи ҳунари Тоҷикистон ва Муассисаи фарҳанг ва ҳунари давлатии Тоҷикистон аст.

Рабиев ва мудири Донишкадаи ҳунарҳои кӯдакон, мӯзеи таърихи маҳаллӣ, раиси Сандуқи ҳунарҳои умумии Тоҷикистон ва раиси Академияи ҳунарҳои ҷумҳурӣ аст.

Осор вай борҳо дар Озарбойҷон, Қазоқистон, Ҳинд, Русия, Чин ба намоиш гузошта шудааст.