Март 05, 2020 17:36 Asia/Dushanbe
  • Қарор гирифтани ҳайкали Садриддин Айнӣ дар мӯзеи Украина

Ҳайкали Садриддин Айнӣ, нависандаи тоҷик дар мӯзеи Украина қарор гирифт.

Ба гузориши Спутник, ҳайкали Садриддин Айнӣ дар канори муҷасамаҳои Михаил Булгаков, Владимир Ленина, Дмитрия Менделеев ва бисёре дигар ба намоиш гузошта мешаванд.

Чеҳраи бунёнгузори адабиёти муосири тоҷик, Садриддин Айнӣ дар қолаби муҷассама дар мӯзеи як хиёбон дар Киев буд.

Ба гуфтаи роҳбари Фонди адабии ба номи Садриддин Айнӣ, Эраҷ Айнӣ, интиқоли муҷассама аз тарафи раиси мӯзе матраҳ шуд ва интиқол он ба яке аз хиёбонҳои Украина оғоз шуд.

Эраҷ Айнӣ гуфт,"Барои мо хело муҳим аст, ки ниқоби баъди марги Садриддин Айнӣ акнун байни ниқобҳои дигар инсонҳои бузурги ҷаҳон аст".

Бояд қайд кард, ки дар интиқоли ниқоби устод сафири фавқуллода ва мухтори Украина дар Тоҷикистон Василий Серватюк кӯмак кардааст.

Садриддин Айнӣ(1954-1878) номвартарин чеҳра ва дар воқеъ бунёнгузори адабиёт ва фарҳанги Тоҷикистон ва аз касоне аст, ки миёни адабиёти пеш ва пас аз Инқилоби Октябр пайванд эҷод кардааст.