Дидори тимҳои футболи “Истиқлол” ва “Хуҷанд”
Дар мусобиқоти марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи (D) тими футболи “Истиқлол” ба масофи тими Хуҷанд меравад.
Ба гузориши сомонаи Спутник, бар асоси ҷадвали бозиҳои гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи “D” дастаи “Истиқлол” бо “Хуҷанд” санаи 11 март бозӣ хоҳанд кард.
Дастаи “Истиқлол” дар гурӯҳи “D” бо “Хуҷанд”-и Тоҷикистон, “Олтин Асир”-и Туркманистон ва “Дордой” -и Қирғизистон рақобат хоҳад кард.
Бозии тими “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-ро ҳакамон аз Кувайт доварӣ хоҳанд кард.
Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Аҳмад Ал-Алидоварии 35-сола довари асосӣ буда, ба ӯ ҳамватанонаш Яъқуб Ал-Мутаирӣ ва Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ кумак хоҳанд кард. Довари иловагӣ бошад Аммор Ашкононӣ интихоб шудааст.
Тими футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон ахиран дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистонро шикааст дода, ба даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 роҳ ёфт.