Март 05, 2020 17:46 Asia/Dushanbe
  • Дидори тимҳои футболи “Истиқлол” ва “Хуҷанд”

Дар мусобиқоти марҳалаи гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 дар гурӯҳи (D) тими футболи “Истиқлол” ба масофи тими Хуҷанд меравад.

Ба гузориши сомонаи Спутник, бар асоси ҷадвали бозиҳои гуруҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020  дар гурӯҳи “D”  дастаи “Истиқлол” бо “Хуҷанд” санаи 11 март бозӣ хоҳанд кард.

Дастаи  “Истиқлол”  дар гурӯҳи   “D”  бо “Хуҷанд”-и Тоҷикистон, “Олтин Асир”-и  Туркманистон  ва  “Дордой” -и  Қирғизистон  рақобат хоҳад кард.

Бозии тими “Истиқлол” ва “Хуҷанд”-ро ҳакамон аз Кувайт доварӣ хоҳанд кард.

Тибқи иттилои Федератсияи футболи Тоҷикистон, Аҳмад Ал-Алидоварии 35-сола довари асосӣ буда, ба ӯ ҳамватанонаш Яъқуб Ал-Мутаирӣ ва Абдулҳадӣ Ал-Анезӣ кумак хоҳанд кард. Довари иловагӣ бошад Аммор Ашкононӣ интихоб шудааст.

Тими футболи “Хуҷанд”-и Хуҷанд — дорандаи медалҳои нуқраи чемпионати Тоҷикистон ахиран   дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Душанбе дастаи “Нефтчӣ”-и Қирғизистонро шикааст дода, ба  даври гурӯҳии Ҷоми Конфедератсияи футболи Осиё-2020 роҳ ёфт.