Март 05, 2020 17:52 Asia/Dushanbe
  • Қабули ҳуҷҷатҳо барои омӯзиши муҷаввизи мураббигарии «С»

Департаменти фаннии Федератсияи футболи Тоҷикитон қабули ҳуҷҷатҳои хоҳишмандонро барои соҳиб шудан ба муҷаввизи (литсензияи) мураббигарии дараҷаи “С”-и Конфедератсияи футболи Осиё эълон мекунад.

Курси мураббигӣ аз 6 то 19 апрели соли 2020 дар шаҳри Душанбе баргузор хоҳад шуд. Рӯзи охири қабули ҳуҷҷатҳо барои омӯзиши маълумоти мураббигарии дараҷаи “С” – 23 март.