Такзиби камёб шудани орд  дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51517-Такзиби_камёб_шудани_орд_дар_Тоҷикистон
Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон овозаҳои марбут ба камёб шудани маводи ғизоӣ бавижа ордро такзиб кард.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 05, 2020 15:03 Asia/Dushanbe
  • Такзиби камёб шудани орд  дар Тоҷикистон

Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон овозаҳои марбут ба камёб шудани маводи ғизоӣ бавижа ордро такзиб кард.

Ба гузориши Азия Плюс, ин вазоратхона дар баёнияе эълом кард,ба таври мустамар аз бозорҳои манотиқи кишвар бозрасӣ мешавад ва масъулон қимати аҷносро контрол мекунанд.

Ин вазоратхона таъкид мекунанд, дар бозорҳои дохилӣ беш аз ниёзи масрафи дохилӣ коло ва аҷносе монанди орд, маскан, гӯшт, шакар, сабзиҷот вуҷуд дорад.

Вазорати тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кард, дар соли 2019 мизон тавлиди ғалот дар кишвар ҳудуди 1.4 миллион тон, гандум - 836.2 ҳазор  тон ва воридоти ин маҳсул 1.1 миллион тон будааст.

Ҳамчунин мизон тавлиди орд (аз ҷумла гандуми воридотӣ) тақрибан 1.5 миллион тон буда, ки 132 ҳазор оан бештар аз соли 2018 аст.

Тавлиди гӯшт ва фаровардаҳои гӯштӣ ҳам дар соли гузашта 168.3 ҳазор тон буда, ки 11 ҳазор тон бештар аз соли 2018 аст. Вазорати  тавсеаи иқтисодӣ ва тиҷорати Тоҷикистон эълом кард, овозаҳо мабни бар мамнӯияти воридоти маҳсулотро беасос донист.

Ин вазоратхона ҳамчунин эълом кард,мизони воридоти маҳсулот ва колоҳо дар январи соли 2020 дар муқоиса бо ин муддат дар соли гузашта 20дарсад(муодили ҳудуди52 миллион доллар) афзоиш доштааст.

Ин вазоратхона таъкид кард,маҳсулоти ғизоӣ, бавижа гандум ва орд, аз кишварҳои ИДМ ба ҷумҳурӣ ворид мешавад.