Март 07, 2020 12:22 Asia/Dushanbe
  •  Афзоиши мизони содироти  барқи Тоҷикистон

Мақомоти Тоҷикистон қасд доранд имсол содироти барқро афзоиш диҳанд.

Бино ба хабаргузории  Авесто , мақомоти  Тоҷикистон содироти барқ ба кишварҳои ҳамсояро аз авосити  апрел афзоиш медиҳанд.

 Дар Тоҷикистон рӯзона 62 миллион киловат соат барқ тавлид мешавад , ки 59 миллион киловат соати он дар дохили кишвар масраф мешавад.

 Мирзо Исмоилзода раиси ширкаити барқи  тоҷик гуфт:  дар моҳи  феврал Тоҷикистон қасд дорад содироти  барқ ба Афғонистонро афзоиш диҳад.

Вай гуфт :дар ин маврид бо ширкати  Брешнои Афғонистон тавофуқ шудааст.

 Пешбинӣ  шуда , ки имсол Тоҷикистон 1.588 миллиард киловат соат барқ содир кунад, ки тақрибан 30 миллион киловат соат бештар аз сол 2019 аст.

 Соли  гузашта низ Тоҷикстон ҳудуди  1.458 миллиард киловат соат барқ содир кард, ки бо ин мизони содирот ҳудуди  60.6 миллион доллар даромади арзӣ дошт.