Март 07, 2020 13:43 Asia/Dushanbe
  • Дидори Далер Шарифов бо хонаводааш дар боздоштгоҳи  кумитаи  амнияти  миллии Тоҷикистон

Мақомоти қазоии Тоҷикистон ба хонаводаи Далер Шарифов рӯзноманигори боздоштшудаи тоҷик иҷозаи мулоқот ба вайро доданд.

Бино ба хабаргузории ахбори Осиёи  марказӣ, Абдулманнон Шарифов  падари Далер  гуфт:  ба ҳамроҳи  хонавода дар боздоштгоҳи муваққатии  кумитаи  давлатии амнияти  милли Тоҷикистон муваффақ ба мулоқот бо писараш шудааст.

 Вай бо хуб тавсиф кардани  ҳоли  писараш таъкид кард, ки Далер дар муддати  боздошт 500 мисраъ аз "Маснавии маънавии  Мавлави"-ро ҳифз карда ва умедвор аст, ки ба зудӣ озод хоҳад шуд.

 30 январи  соли  ҷорӣ додгоҳе дар Душанба, тасмим ба дастгирии Далер Шарифов  ба муддати ду моҳ гирифт.

Дар аввали феврал, додситони кулл баёниае содир кард, ки дар он қайд шуда ба муддат 7 сол Шарифов  беш аз 200 мақола  бо мавзӯъи ифротигирӣ бо ҳадафи таҳрики  эҳсосоти мазҳабӣ  мунташир кардааст.

 Мақомоти  амнияти  Тоҷикистон муддаӣ ҳастанд , ки вай рисолаеро ба таври ғариқонунӣ дар соли 2019 бо унвони  " Муҳаммад (с) ва терроризм " мунташир кард, ки гуфта мешавад  дар он тафаккуроти  ихвонул муслимини Миср(ҷунбиши мамнуъа дар Тоҷикистон) навишта шудааст. Ин дар ҳоле аст, ки шӯрои ҳуқуқи башари  Созмони Милали Муттаҳид, созмони  дидбони ҳуқуқи  башар, созмони рӯзноманигорон бидуни марз бо маҳкум кардани боздошти Далер Шарифов, озодии бидуни қайд ва шарт вайро хостор шуданд.