Вазорати дохилаи Тоҷикистон шоеапароканон дар бораи коронавирусро шиносоӣ ва муҷозот мекунад
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51587-Вазорати_дохилаи_Тоҷикистон_шоеапароканон_дар_бораи_коронавирусро_шиносоӣ_ва_муҷозот_мекунад
Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кардааст, бо афроде, ки дар ин кишвар дар бораи коронавирус шоеапароканӣ мекунанд, бархӯрди шадид хоҳад шуд.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 08, 2020 17:51 Asia/Dushanbe
  • Вазорати дохилаи Тоҷикистон шоеапароканон дар бораи коронавирусро шиносоӣ ва муҷозот мекунад

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон эълом кардааст, бо афроде, ки дар ин кишвар дар бораи коронавирус шоеапароканӣ мекунанд, бархӯрди шадид хоҳад шуд.

Ба нақл аз сомонаи Авеста, теъдоде аз сокинони Тоҷикистон аз тариқи шабакаи Facebook ба генерал Рамазон Раҳимзода, вазири корҳои дохилаи Тоҷикистон дар бораи густариши шоеаҳо дар ин кишвар дар бораи коронавирус, ки мӯҷиби эҷоди ошуфтагӣ дар бозорҳо ва гаронии қимати маводи ғизоӣ ва махсусан орд шуд, шикоят кардаанд.

Дар посух ба ин шикоятҳо Вазорати дохилаи Тоҷикистон аз бархӯрди шадид бо афроде, ки дар бораи коронавирус шоеапароканӣ мекунанд ва мӯҷиби ташвиши мардум мегарданд, ҳушдор додааст.