Март 09, 2020 09:59 Asia/Dushanbe
  • Партоби тир аз Афғонистон ба ду деҳаи Тоҷикистон

Бар асари даргирӣ миёни нерӯҳои ҳукуматӣ ва гурӯҳи Толибон дар Афғонистон чанд тир ба ду деҳаи Тоҷикистон дар ноҳияи Дарвози вилояти Бадахшон асобат кардааст.

Ба нақл аз сомонаи ТопТҶ, дар пайи ин ҳодиса чанд тир ба хонаҳои ду сокини деҳаи Рузвай  ва Зингроғ  ва панҷараи мактаби ин минтақа асобат карда вале ба сокинон осеб нарасидааст.

Сокинони ин деҳаҳои Тоҷикистон мегӯянд, даргирии ахир дар он сӯи марз ду рӯз идома доштааст.

Аммо Саидбурҳон Абдураҳмонзода , раиси ноҳияи Дарвози Тоҷикистон муътақид аст, ки асобати ин тирҳо ба деҳаҳои ин минтақа амдӣ набудааст ва даргирӣ миёни артиши давлати Афғонистон ва гуруҳи Толибон ҳодисае оддӣ аст ва мардум ба ин ҳодисаҳо одат кардаанд.

Гуфта мешавад, ки наздик ба 200 километр аз марзи Афғонистон, ки дар ҷавори вилояти Бадахшони Тоҷикистон воқеъ шуда, дар контроли Толибон аст ва танҳо рӯдхонаи Ому ин ду кишварро аз якдигар ҷудо мекунад.

Тоҷикистон ва Афғонистон наздик ба ҳазору 400 километр марзи муштарак доранд, ки назорат бар он ба далели кӯҳистонибудани минтақа бо мушкилоти зиёде рӯбарӯаст.

 

Барчасп