Ифтитоҳи ҷодаи Қараболо то вурудии ғарбии Душанбе дар ояндаи наздик
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51626-Ифтитоҳи_ҷодаи_Қараболо_то_вурудии_ғарбии_Душанбе_дар_ояндаи_наздик
Ҷодаи Қараболо то вурудии ғарбии Душанбе дар ояндаи наздик ифтитоҳ мешавад.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 09, 2020 14:39 Asia/Dushanbe
  • Ифтитоҳи ҷодаи Қараболо то вурудии ғарбии Душанбе дар ояндаи наздик

Ҷодаи Қараболо то вурудии ғарбии Душанбе дар ояндаи наздик ифтитоҳ мешавад.

Ба гузориши Азия Плюс, Азим Иброҳим, муовини нахуствазири Тоҷикистон дар декабри соли гузашта пас аз бозрасӣ аз ин ҷода, ин матлабро эълом кард ва гуфт, тибқи барномарезиҳо, аз ин роҳ то 20 март баҳрабардорӣ мешавад.

Масири роҳи камарбандӣ дар минтақаи Қараболо ба далели эҳдоси як тарҳи умронии се табақа дар авохири феврали 2018 баста шуд.

Ин гузаргоҳ ба унвони бахше аз як тарҳ барои беҳбуди вазъияти бузургроҳи минтақаии Душанбе - Турсунзода эҳдос шуда, ҳамчунин қисмате аз роҳ низ аз канори бинои Абуалӣ ибни Сино то дарвозаи ғарбии Душанбе эҳдос мешавад.