Март 09, 2020 20:13 Asia/Dushanbe
  • Навохтани мусиқӣ ба ифтихори кӯҳнасарбози Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон

Гурӯҳи мусиқии низомии пойгоҳи 201 Русия мустақар дар Тоҷикистон ба ифтихор кӯҳнасарбози баҷомонда аз Ҷанги дувуми ҷаҳонӣ дар канорхонаи он мусиқӣ навохтанд.

Ба гузориши Азия Плюс, гурӯҳи мусиқии низомии оҳангҳои ҳамосиро зери панҷараҳои хонаи Николая Голиков, ки дар хиёбони Низомии Ганҷавии шаҳри Душанбе зиндагӣ мекунад, иҷро кард.

Николая Голикови 99 сола ин иқдомро аз панҷараи худ тамошо кард, ҳамчунин намояндагони пойгоҳи низомии 201 Русия дар Тоҷикистон ба ин кӯҳнасарбоз гул ҳадия доданд.

Николай Голиков дар 27 декабри 1920 дар Томск мутаваллид шуд. Дар соли 1940 ӯ ба хидмат дар артиши Иттиҳоди ҷамоҳири Шӯравӣ фарохонда шуд вай дар Ховари Дӯр, дар гурӯҳи Тӯпхона хидмат кард.

Дар январи соли 1944 ба унвони фармондеҳи гурӯҳ дар бахши хумпораандоз ба минтақаи Великие Лука эъзом шуд.

Воҳиде, ки дар он вай хидмат мекард аз минтақаи Псковск ва аз рӯдхонаи Великя ҷое, ки қаламрави Латвия оғоз мешавад,убур карданд ва пас аз даргирӣ бо гирифтан шаҳрҳои Резекне, Мадона вориди Рига шуданд.

Гурӯҳони хумпора, ки фармондеҳи он, Голиков буд, дар шикасти нозиҳо дар Курлянд саҳми басазое дошт.

Ин сарбоз як сол баъд, дар моҳи майи 1946, бо дарёфти нишонҳои мухталиф бар рӯи синаи худ, ки ҳосили чандин сол ҳузур дар ҷанг ва шуҷоати ӯ буд ба шаҳри худ бозгашт.