Ҳалокати духтари 12 сола бар асари тасодуф дар Кулоб
Март 09, 2020 16:51 Asia/Dushanbe
Бар асари тасодуф дар Кулоб як духтари 12 сола кушта шуд.
Ба гузориши Спутник ва сервиси матбуоти вазорати умури дохилаи Тоҷикистон, дар Кулоб як ронандаи ҷавон ба иллати нотавонӣ дар контроли худрав бо як духтар 12 сола тасодуф кард, ки дар ин ҳодиса духтар кушта шуд.
Ин ронандаи 23 сола дар ҳоли ронандагии як худрав аз хиёбони Абдурраҳмони Ҷомӣ ба самти рустои Даҳана дар ҳаракат буд, ки ронанда ба иллати номушаххас контроли худравро аз даст медиҳад ва бо духтари 12сола бархӯрд мекунад.
Кӯдак ба далели шиддати ҷарроҳот қабл аз расидани мошини ёрии таъҷилӣ даргузашт.