Март 10, 2020 09:32 Asia/Dushanbe
  • Дархости коҳиши ҳазинаи шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон

Як фаоли шабакаҳои иҷтимоӣ аз Маҷлиси намояндагони ин кишвар хост барои коҳиши ҳазинаи шиносномаи хориҷӣ дар Тоҷикистон иқдом кунанд.

Ба гузориши радиои тоҷикии Садои Хуросон, Бахтиёр Аслонов, навиштааст, нархи кунунии шиносномаи хориҷӣ ва ташхиси нақлиётро "бераҳмона ва беинсофона” гарон аст, ки намояндагони Маҷлиси нави қонунгузории ин кишвар бояд ин қонунро ислоҳ кунанд.

Вай таъкид кардааст, ки аз ин шиноснома "на танҳо соҳибкорон, балки бемороне, ки ба хориҷи кишвар барои табобат мераванд ва муҳоҷирони меҳнатие, ки барои дарёфти як бурида нон ба муҳоҷират мераванд, истифода менамоянд.

Ӯ навишт, нархи як ҷилд шиносномаи хориҷӣ ҳудуди 1000 сомонӣ (баробар бо 100 доллар) аст, ки дар ду ҳафта содир мешавад, аммо агар тақозокунанда бихоҳад як ҳафта зудтар ин ҳуҷҷатро бигирад ҳазору 500 сомонӣ (баробар бо 150 доллар) ва барои содир кардани шиносномаи хориҷӣ дар се рӯз бояд 2 ҳазору 250 сомонӣ (баробар бо 225 доллар) пардохт кунад.

Вай пешниҳод кардааст, ки намояндагони Маҷлиси нави қонунгузории Тоҷикистон нархи судури шиносномаи хориҷиро 100 сомонӣ (баробар бо 10 доллар) таъин кунанд, зеро дар 5 кишвари Осиёи Марказӣ нархи шиносномаи хориҷӣ бисёр арзонтар аз Тоҷикистон аст.