Март 10, 2020 12:21 Asia/Dushanbe
  • Манофеи мардум ва кишвар авлавиятҳои раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон гуфт, дар даҳ соли раёсат дар Маҷлиси Тоҷикистон авлавияти кории ӯ манофеи мардум ва кишвар буд.

Ба нақл аз Спутник, Шукурҷон Зуҳуров, ки ду давраи 5 сола раёсати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистонро бар уҳда дошт дар нишасти ахири ин ниҳоди қонунгузорӣ гуфт, то чанд рӯзи дигар давраи намояндагони Маҷлиси феълии қонунгузории Тоҷикистон ба поён мерасад ва Маҷлиси нав кори худро оғоз мекунад.

Аз дидгоҳи Зуҳуров нуктаи муҳим ин аст, ки дар 10 соли раёсати Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон манофеи миллат ва кишвар ҳамвора барои вай дар авлавият буд ва ҳеҷгоҳ манофеи гурӯҳӣ , ҳизбӣ ва фардӣ дар авлавияти барномаҳояш набудааст.

Вай мӯътақид аст, ки фазои ҳоким бар Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон дар даҳ соли ахир комилан самимӣ ва дӯстона буд ва бо таомули созанда бо ҳукумати ин кишвар ҳамроҳ буд, ки заминаи рушд ва пешрафти ин кишварро фароҳам кард. 

Шакурҷон Зуҳуров, ки 66 сол дорад аз 40 соли қабл дар симатҳои мухталифи ҳукуматӣ аз ҷумла вазорат, кумитаҳои давлатӣ дар Тоҷикистон фаолият дошта ва акнун пас аз ду давраи раёсат дар Маҷлиси намояндагони ин кишвар ба нафақа мебарояд.