Насби баландтарин табақи суманак дар Душанбе
Дар майдони «Дӯстӣ»-и Душанбе дар паҳлуи муҷассамаи шоҳ Исмоили Сомонӣ баландтарин табақи суманак, ки рамзи баҳору Наврӯз аст, қомат афрохтааст.
Бар асоси эъломи сомонаи Ховар, Раёсати иттилоот ва робитаҳои хориҷии дастгоҳи Раиси шаҳри Душанбе эълом кард, ки аз 1 март то 20 апрел бо дастгирии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе ва ширкати «Рахш такси» дар ҳамкорӣ бо Маркази миллии «Иттифоқи ҳунармандон» ба муносибати ҷашни Наврӯзи байналмилалӣ таҳти унвони «Ярмаркаи наврӯзӣ. Душанбе-2020» дар пойтахт намоишгоҳи баҳории ҳунармандон баргузор мегардад.
Ба гуфтаи манбаъ,ҳамарӯза аз ҷониби рассомону устодон барои истеъдодҳои ҷавон дарсҳои омӯзишӣ гузаронида мешаванд. Намоишгоҳ ҳамарӯза аз соати 10:00 то 23:00-и шаб идома меёбад.
Ташаббускорони намоишгоҳ тасмим гирифтаанд, ки дар хиёбони Рӯдакӣ ярмаркаи баҳорӣ баргузор намоянд, то дар он сокинону меҳмонони пойтахт ва хориҷиён ҷамъ омада, аз маҳсули дасти ҳунармандони тоҷик бархӯрдор гарданд.