Нахустин маврид аз издивоҷи фарди мубтало ба аутизм дар Тоҷикистон
Барои нахустин бор як фарди мубтало ба аутизм дар Тоҷикистон ташкили хонавода дод.
Ба нақл аз Фарғона, Шаҳриёр Бахтиёри 21 сола, ки аз аутизм ранҷ мебарад бо Моҳира, духтаре, ки маълулияти бархоста аз бемории фалаҷи тифл дорад издивоҷ кард. Ӯ мегӯяд, ки аз ин издивоҷ эҳсоси хушбахтӣ мекунад.
Ҷолиб ин аст, ки Бахтиёр худ шарики зиндагиашро пайдо карда ва бо касби ризояти волидайн хостори зиндагии муштарак бо ӯ шудааст.
Маросими издивоҷи ин ду ҷавони дорои маҳдудиятҳои ҷисмӣ ва руҳӣ бо кӯмаки Созмони ғайридавлатии иҷтимоии Ирода сурат гирифтааст.
Хонум Лола Насриддинова, раиси Созмони Ирода мегӯяд, мо 10 сол аст, ки ба беморони аутизм кӯмак мекунем ва барои нахустин бор шоҳиди чунин издивоҷ ҳастем.
Дар Тоҷикистон ҳудуди 500 нафар мубтало ба аутизм сабт шудааст.