Коҳиши даҳ дарсадии нархи арз дар Тоҷикистон
https://parstoday.ir/tg/news/tajikistan-i51663-Коҳиши_даҳ_дарсадии_нархи_арз_дар_Тоҷикистон
Паст шудани қурби рубл пас аз босуръат поинравии нархи нафт боиси беш аз 10% коҳиш ёфтани қурби мубодилавии асъори Русия дар Тоҷикистон гардид.
(last modified 2025-10-08T05:00:18+00:00 )
Март 10, 2020 11:17 Asia/Dushanbe
  • Коҳиши даҳ дарсадии нархи арз дар Тоҷикистон

Паст шудани қурби рубл пас аз босуръат поинравии нархи нафт боиси беш аз 10% коҳиш ёфтани қурби мубодилавии асъори Русия дар Тоҷикистон гардид.

Ба нақл аз Азия-Плюс, айни замон 1 ҳазор рубли русӣ бо маблағи 130 сомонӣ иваз мешавад. Ҳафтаи гузашта ба ивази ин миқдор 145 сомонӣ дода мешуд. Бо ин ҳол нархи расмии рубли таъиъшуда аз сӯи Бонки миллии Тоҷикистон бидуни тағйир мондааст.

Ҳамчунин ҳеҷ тағйире дар нархи доллари Амрико ва евра рух надодааст:имрӯз 1 доллар ба 9,6800 сомонӣ ва 1 евро ба 10,9558 сомонӣ баробар аст.

Ба гузориши нашрияи русиягии “Ведомости”, рӯзи 9-уми март бар асари босуръат поинравии нархи нафт дар бозорҳои ҷаҳонӣ, қурби рубл хеле коҳиш ёфт.

Рӯзи ҷумъа, 6-уми март дар ОПЕК+ (Созмони кишварҳои содиркунандаи нафт) созиш ҳосил нашуда, аллакай рӯзи 9-уми март арзиши нафти тамғаи Brent 30% поин рафт ва то 31,02 доллар барои 1 баррел расид, ки ин нишондиҳанда аз соли 1991 то кунун коҳиши якрӯзаи аз ҳама зиёд мебошад.

Қурби рубл нисбат ба доллар – 8,8% то 74,5 рубл ва евро – 9,7% то 85 рубл поин рафт, ки бузургтарин коҳиши якрӯзаи қурби рубл аз 16-уми декабри соли 2014 то кунун дониста мешавад.

Беш аз 1 млн нафар шаҳрвандони Тоҷикистон айни замон дар Русия кору зиндагӣ мекунанд ва ҳаҷми пулҳои фиристодаи онҳо аз ин кишвар ба Ватан ба ҳисоби миёна 3 млрд долларро дар як сол ташкил медиҳад.

Наздики 90%-и пулро муҳоҷирони тоҷик бо рубли Русия ба Тоҷикистон интиқол медиҳанд.