Март 10, 2020 17:42 Asia/Dushanbe
  • Маҳкум шудани ду узви гурӯҳи ҷиноӣ дар додгоҳи Суғд

Додгоҳи вилояти Суғд ду узви гурӯҳи ҷиноиеро ба далели қатл, дуздӣ ва ҷиноёти дигар дар Русия маҳкум кард.

Ба гузориши “Спутник”, додгоҳи вилояти Суғд ду узви гурӯҳи ҷиноии GTA-ро ба 25 соли зиндон маҳкум кард. Додгоҳи Суғд аъзои GTA Боирҷон Ғуломов ва Муродҷон Каримовро ба далели узвият дар ин гурӯҳ, қатл, сирқат ва ҷиноёти дигар дар Русия гунаҳкор донист.

Хадамоти матбуотии Додситонии кулли Русия дар баёнияи эълом кард, ду узви боқимондаи GTA ба ҷурми ширкат дар қатлҳои мутааддид дар Русия дар додгоҳи Тоҷикистон ба 25 соли зиндон маҳкум шуданд. Дар ин баёния омадааст, пеш аз ин  Ғуломов ва Каримов дар феҳрасти муҷримони байналмилалии таҳти таъқиб қарор гирифта буданд.

Додситонии кулли Федератсияи Русия эълом кард, ки Додгоҳи Олии ин кишвар ҳукми эъдоми аъзои дигари GTA-ро таъйид кард.

"GTA gang" лақаби гурӯҳи ҷиное аст, ки дар ҳама шаҳрҳо дар солҳои 2012 то 2014 фаъолият дошт. Ин гурӯҳ номи худро аз бозии роёнаии “Grand Theft Auto”, ба маънии сирқати бузурги худрав иқтибос кардааст. Ба гуфтаи муҳаққиқон, дар ин гурӯҳ ҳадди ақал 15 муҳоҷир аз Осиёи Марказӣ узв буданд.

Тибқи эъломи додситонӣ, ин гурӯҳ 15 бор дар манотиқи мухталифи Маскав дуздӣ карда ва 17 нафарро ҳам ба қатл расондааст. Ин гурӯҳ ба ронандагон дар бузургроҳҳои атрофи Маскав ҳамла мекард.