Март 12, 2020 16:41 Asia/Dushanbe
  • Тавсияи раисиҷумҳури Тоҷикистон барои риояти масоили беҳдоштӣ дар кишвар

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз шаҳрвандони кишвар даъват кард, ки бо риояти беҳдошт аз мубтало шудан ба корона ҷилавгирӣ кунанд.

Ба гузориши сомонаи Спутник, Эмомалӣ Раҳмон гуфт, дар ду соли ахир дар Тоҷикистон 694 нафар бар асари сармохӯрдагӣ фавт карданд ва акнун бо густариши вируси корона дар кишварҳои минтақа мардуми тоҷик бояд ба тавсияҳои пизишкон дар бораи мурооти муқаррароти беҳдоштӣ таваҷҷӯҳ кунанд.

Эмомалӣ Раҳмон гуфт, соли 2018 дар Тоҷикистон 372 ҳазор нафар ва дар соли 2019 ҳудуди 374 ҳазор нафар мубтало ба сармохӯрдагӣ шуданд, ки 694 тан аз ин беморон ҷони худро аз даст доданд. Аз дидгоҳи Эмомалӣ Раҳмон сармохӯрдагӣ ба маротиб бадтар аз вируси корона аст ва мардуми Тоҷикистон бояд барои дар амон мондан аз бимории ҷадид тамоми муқаррароти беҳдоштиро дар хона ва муҳити кор роият кунанд.

Раисиҷумҳури Тоҷикистон аз сокинони манотиқи рустоӣ ҳам дархост кард ба мавзӯи назофати хона ва муҳити зист таваҷҷӯҳ кунанд ва ба овозаҳои фазои маҷозӣ эътимод накунанд.