Ташкили комиссияи вижаи тақсими чарогоҳҳо дар Тоҷикистон
(last modified 2020-03-12T12:39:40+00:00 )
Март 12, 2020 17:39 Asia/Dushanbe
  • Ташкили комиссияи вижаи тақсими чарогоҳҳо дар Тоҷикистон

Комиссияи вижаи тақсими чарогоҳҳо дар Тоҷикистон ташкил шуд.

Ба гузориши Фарғона, ин комиссия, ки намояндагони он дар тамоми манотиқи ҷумҳурӣ фаъолият мекунанд, хостори тақсими одилонаи чарогоҳҳо ва ҳалу фасли ихтилофот шуданд.

Сокинони манотиқи рустоии дурафтода шикоят доранд, ки аз истифодаи маротиъ ва заминҳои марғуб, ки моликияти инҳо бахши хусусӣ аст, маҳрум ҳастанд.

Мудири маркази дом ва тавсеаи чарогоҳҳои Тоҷикистон гуфт, мавориди мутааддиде вуҷуд дорад, ки рустоиён иҷозаи истифода аз чарогоҳҳоиро барои домдорӣ намедиҳанд.

Ӯ афзуд, русои хонавор мегӯянд, ки молиёт барои замин пардохт мекунанд, бинобар ин онҳо ҳаққ доранд, ки иҷоза надиҳанд афроди ғайри бумӣ аз заминҳо истифда кунанд.

Вай гуфт, умедворем, ки фаъолиятҳои ин комиссия ба ҳар гуна ихтилофи назар дар мавриди истифода аз чарогоҳҳо поён диҳад.

Даргирӣ дар хусуси истифода аз чарогоҳҳо ва замин бештар бо оғози баҳор буруз мекунад, замоне, ки аҳолии русто домҳои худроба кӯҳҳо мебаранд.