Март 14, 2020 13:50 Asia/Dushanbe
  • Муҳокимаи ду афсари омӯзишии  Донишкадаи марзбонии Тоҷикистон

Муҳокимаи ду афсари омӯзишии Донишкадаи марзбонии Тоҷикистон оғоз шуд.

Ба нақл аз сомонаи Ахбори Осиёи марказӣ , Ҳошимҷон Сафаров сокини 20 солаи ноҳияи Зафарободи устони Суғд дар маркази омӯзишии ин Донишкада дар минтақаи Лоҳур дар ғарби Душанбе дар моҳи августи соли 2018 ҷони худро аз даст дод,ки волидон ва вакили вай муътақиданд зарбу шатми ду афсари омӯзгор муҷиби марги вай шудааст.

Акнун Рамазон Давлатов ва Ҷаҳонгир Абдураҳмонов ба иттиҳоми суистифода аз ҷойгоҳ ва зарбу шатми донишҷӯи фавтида шуда дар Додгоҳ муҳокима мешаванд.

Аммо Оғулой Бобоева вакили мудофеъи ин донишҷӯи фавтида бо ироаи далелҳо ва мадракҳо дар Додгоҳ гуфтааст ,ки мақтул ба баҳонаи нодуруст иҷро кардани тамринҳои низомӣ мавриди зарбу шатми ин афсарон қарор гирифта ва бар асари шиддати ҷароҳатҳои ворида пас аз 10 рӯз дар бемористон ҷони худро аз даст додааст.

Волидони Ҳошимҷон Сафаров низ таъкид карданд,ки фарзандашон ҳеҷ навъи бемори надошт ва камисиюни ташхиси пизишкӣ ҳангоми вурӯди вай ба Донишкадаи марзбонӣ  саломатии  комили Ӯро таъйид кардааст.

Дафтари Озодиҳои шаҳрвандӣ,ки як Созмони ғайри давлатӣ дар Тоҷикистон аст эълом кард,ки дар 5 соли ахир аз бадрафторӣ ва хушунат дар нерӯҳои мусалаҳи ин кишвар ,ки муҷиби марги сарбозон шуда 9409 шикоят дарёфт кардааст.