Март 14, 2020 14:25 Asia/Dushanbe
  • Интиқоди Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико дар мавриди гузориши Ҳуқуқи Башар

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз гузориши Вазорати умури хориҷаи Иёлоти Муттаҳида дар мавриди гузориши Ҳуқуқи Башар интиқод кард.

Ба нақл аз Спутник, Вазорати умури хориҷа посухеро ба гузориши солонаи Вазорати умури хориҷаи Амрико дар мавриди Ҳуқуқи Башар мунташир кард ва суханони Вазорати хориҷаи Амрикоро мудохилаи сиёсӣ донист. Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон дар баёнияе дар посух ба гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико таъкид мекунад ,ки Шуро ва Кумитаи Ҳуқуқи башари Созмони Миллалӣ Муттаҳид бояд бо бознигарӣ ва риояти ҳуқуқибашар дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон муқобила кунанд ва ин мавзуъ дар ихтиёроти як Ожонси амрикоӣ нест. гузориши Вазорати умури хориҷаи Амрико таҳлили воқеъбинона аз вазъияти Ҳуқуқи башар дар Тоҷикистон ироа намедиҳад, аммо аз лаҳни сиёсии бештаре бархурдор аст. Илова бар ин, нависандагони ин баёния ба манбаъҳои ғайри қобили таъйид мутакӣ буданд.

Илова бар манбаъҳои ғайри мустанад, Вазорати умури хориҷа бар ин воқеъият мутамарказ аст,ки ин санад матнҳои гузоришҳои пешинро такрор мекунад, ва тавсиъадиҳандагон аз чандин ҷанбаи муҳим монанди саҳми Тоҷикистон дар мубориза бо терорризм ва қочоқи маводи мухадир чашм пушӣ карданд.

Вазири умури хориҷаи Тоҷикистон эълом кард,ки ин кишвар дар хати муқадами мубориза бо терорризм қарор дорад Вазорати умурихориҷа хотирнишон кард; Тоҷикистон абзорҳои миллӣ арзёбии Ҳуқуқи башарро ғайри қобили қабул ва бар хилофи ҳанҷорҳои қонунии байналмиллалӣ медонад ,ки бархе аз кишварҳои ҷаҳон батаври якҷониба ва ҳадафманд аз онҳо барои таъсиргузорӣ бар сиёсатҳои дохилӣ ва хориҷии дигар кишварҳо истифода мекунанд.

Вазорати умури хориҷаи Тоҷикистон аз Вазорати умури хориҷаи Амрико хост то аз интишори иттилооти ғалат ва ғайри мантиқие,ки фаротар аз маънои воқеъии қонун ва эҳтиром ба ҳуқуқи башар дар тоҷикистон аст, худдорӣ кунад.

Вазорати умури хориҷаи Амрико чанде пеш бо интишори баёнияе Тоҷикистонро ҳамчунон як кишвари истибдодӣ донист,ки ҳамчунон озодии баёнро аз тариқи боздоштҳо, пайгарди қонунӣ, таҳдид ба ҷаримаҳои сангин, тасвиби қонунҳои сахтгирона ва густарда барои туҳматҳо ва таътилии иҷбории расонаҳо идома медиҳад.