Март 14, 2020 21:21 Asia/Dushanbe
  • Таваққуфи бархе парвозҳои хориҷӣ дар масири Душанбе дар пайи шуюи коронавирус

Шуюи коронавирус дар кишварҳои мухталифи ҷаҳон парвозҳои ширкатҳои ҳавопаймоиро низ таҳти таъсир қарор додааст.

Ба нақл аз Азия-Плюс, дар ин замина ширкати ҳавопаймоии Сомон-Эйри Тоҷикистон аз қатъи муваққати парвозҳои худ ба Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҳиндустон ба далели шуюи коронавирус хабар дод.

Масъулони ин ширкат гуфтаанд, ки бо таваҷҷуҳ ба коҳиши мусофирон ва маҳдудиятҳои эъмолшуда аз сӯи Олмон, Имороти Муттаҳидаи Арабӣ ва Ҳиндустон дар заминаи мамнӯияти вуруди шаҳрвандони хориҷӣ аз шонздаҳуми моҳи март, парвозҳо ба ин се кишвар мутаваққиф мешавад.

Аз сӯи дигар ширкати Turkish Airlines эълом кардааст, ки аз се парвози ҳафтагӣ дар масири Истанбул-Душанбе танҳо ду парвозро анҷом хоҳад дод.

Ширкати ҳавопаймоии Fly Dubai  низ теъдоди парвозҳои худ ба Душанберо аз чаҳор маротиба дар ҳафта ба ду бор коҳиш хоҳад дод.

Мақомоти ширкати ҳавопаймоии  Эйр-Остонаи Қазоқистон низ тамомии парвозҳои худ ба Душанберо дар моҳи март бекор кардаанд.

Ин дар  ҳолест, ки мақомоти Вазорати тандурустии Тоҷикистон эълом кардаанд, ки дар ин кишвар то рӯзи 14 март ҳеҷ мавриде аз ибтило ба коронавирус мушоҳида нашудааст.

 

Барчасп