Март 16, 2020 18:43 Asia/Dushanbe
  • Сарватмандон бештарин масрафкунандаи доруҳои равонгардон дар Тоҷикистон

Равоншиноси тоҷик мегӯяд, бештари масрафкунандагони доруҳои равонгардон дар Тоҷикистон ҷавонони сарватманд ҳастанд.

Ба гузориши Азия Плюс, дар Тоҷикистон қочоқи маводи мухаддири санъатӣ дар солҳои ахир бисёр зиёд шудааст.

Дар Тоҷикистон, як қурси “Метамфетамин” дар бозори умдафурӯшӣ бо қиммати 20то25 доллар ва дар бозори хӯрдафурӯшӣ ҳудуди 300 сомонӣ хариду фурӯш мешавад.

 Алишер Разоқов пизишк, равонпизишк, мутахассиси мағз ва аъсоб дар маркази маводи мухаддири болинии Тоҷикистон гуфт, қурси  “экстазӣ”, як модаи равоншинохтии нимасанъатии метилендиоксид амфетамина (MDMA) аст ва истифода аз ин доруҳо, сабаби коҳиши стрес, беҳтар шудани халқу хӯ ва афзоиши тавони ҷисмӣ мешавад.

Разоқов афзуд, асари ин доруҳо 25то45 дақиқа пас аз масраф шурӯъ мешавад ва муддатзамони таъсири он ба хусусиёти бадани ҳар фард бастагӣ дорад.

Вай гуфт, сархушӣ, эҳсоси раҳо будан дар осмон, фаъолияти беш аз ҳадд дар рақсидан ва бепарвоии ҷинсиро аз алоими берунии шахси масрафкунандаи ин қурс аст, бинобар ин, ин қурсҳо ағлаб дар маҷолиси шабона фурӯхта мешавад.

Ӯ гуфт, дар Тоҷикистон бештарин истифода аз доруҳои санъатии “экстазӣ” сабт шудааст .

Вай изҳор кард, масрафкунандаи аслии ин қурсҳо ҷавонони сарватманди 25 то 40 сол ҳастанд, зеро қиммати ин доруҳо бисёр гарон аст ва ҳудуди 20 то 40 доллар қиммат доранд.