Мушкилоти боғи ҳайвоноти Кӯлоб
Боғи ваҳши Кӯлоб дар фаъолияти 3солаи худ бо мушкилоти зиёде дар бахшҳои сомондиҳии ҳайвонот ва таъмини маводи ғизоии онҳо дорад.
Ба гузориши Спутник,боғи ваҳш дар Кӯлоб се сол пеш дар замини 5 гектарӣ ба ибтикори шаҳрдори собиқи шаҳр Хайроло Амонулло ифтитоҳ шуд.
Бисёре аз парандагон ва ҳайвонот дар ин боғи ваҳш нигаҳдорӣ мешаванд. Ҳамаи ҳайвонот ва парандагонро тоҷирон ва масъулон ба ин боғи ваҳш эҳдо карданд.
Шаҳрдори собиқи Кӯлоб ба бозаргонон ва сарватмандон дастур дода буд, ки барои таъмини ғизоӣ ҳайвонот ба ин боғи ваҳш кумак кунанд.
Аммо муттаассифона баъд аз тағйири шаҳрдор ин кумакҳо мутаваққиф шуд ва маблағе, ки тавассути афроди масъул ва шӯрои шаҳр барои нигаҳдории ҳайвоноти боғи ваҳш ихтисос дода мешавад, кофӣ нест.
Солона 190 ҳазор сомонӣ аз буҷаи шаҳр ба боғи ваҳш ихтисос дода мешавад, ки барои пардохти ҳуқуқи 13 корманд ва об ва барқи масрафӣ,тағзия ва нигаҳдории ҳайвонот ҳазина мешавад.
Бо вуҷуди шароити номуносиб, мардуми маҳаллӣ дӯст доранд ба инҷо биёянд ва бархе аз сокинон бо дарки шароити боғи ваҳш, ба ҳайвоноти он ғизо медиҳанд.