Март 17, 2020 14:59 Asia/Dushanbe
  • Мутаваққиф шудани мусобиқоти дучархасавории қаҳрамонии Осиё ба далели шуюи коронавирус

Мусобиқоти дучархасавории қаҳрамонии Осиё ба далели шуюи коронавирус қатъ шуд.

Ба нақл аз ВарзишТВ, Конфедератсияи дучархасавории Осиё, ба иллати густариши коронавирус тасмим гирифт мусобиқоти қаҳрамонии дучархасавории Осиёро, ки қарор буд аз 17 то 22 март дар Малайзия баргузор шавад, қатъ кунад.

Ин тасмим таъсире дар омодасозии дучархасаворони Тоҷикистон барои мусобиқоти қаҳрамонӣ надорад ва нафароти Тими миллии дучархасавории Тоҷикистон барои ширкат дар мусобиқоти қаҳрамонии қора мушаххас шудааст.

Дар охирҳои феврал масобиқоти Ҷоми ҳазфии федератсияи дучархасаворӣ бо ҳузури 40 варзишкор дар минтақаи Ҷайҳун баргузор шуд.

Ширкаткунандагон дар 5 радаи синнии аз 11 то 22 сол боҳам рақобат карданд.

Се варзишкори бартари ин мусобиқот аз минтақаи Суғд, Раҳимҷон Азизов, Мануҷеҳр Юнусов ва Манучеҳр Абдуллоҳов барои мусобиқоти байналмиллалӣ интихоб шуданд ва ба урдуи Тими миллии Тоҷикистон даъват шуданд.