Март 17, 2020 17:30 Asia/Dushanbe
  • Интихоби раиси ҷадиди Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон

Муҳаммадтоҳир Зокирзода, раиси Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон шуд.

Ба гузориши “Азия плюс”, ӯ дар ин масъулият ҷойгузини Шукурҷон Зуҳуров шуд. Ҳамчунин Маҷлиси намояндагони Тоҷикистон имрӯз бо ҳузури раисҷумҳури ин кишвар ба таври расмӣ кори худро оғоз кард.

Намояндагони Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, ки бештари намояндагони маҷлисро ташкил медиҳанд, ба иттифоқи ороъ Муҳаммадтоҳир Зокирзодаро барои риёсати маҷлис пешниҳод карданд.

Раиси ҷадиди маҷлис дар суханронияш ба ҳамкорони худ итминон дод, ки тамоми тавон, дониш ва таҷрибаашро барои тавсеаи Тоҷикистон, ҳимоят аз сулҳу саодат дар ин кишвар ба кор мебарад. Ҳамчунин намояндагони мардум бо пешниҳоди раиси ҷадиди маҷлис Муҳаммадалӣ Ватанзода, Қодири Қосим ва Дилрабо Мансуриро ба унвони муовинони вай мансуб карданд.

Муҳаммадтоҳир Зокирзода дар 24 июли соли 1956 дар Рашт ба дунё омадааст. Ӯ Донишкадаи кишоварзии Селиноградро бо ихтисоси муҳандис-заминсоз хатм кардааст. Фаъолияти меҳнатиашро соли 1985 ба ҳайси муҳандис-заминсоз дар Пажуҳишгоҳи лоиҳакашии “Тоҷикгипрозем” оғоз кардааст. Мавсуф дар солҳои гуногун дар Шӯрои Вазирони Тоҷикистон, Дастгоҳи иҷроияи Президенти ҶТ ва ба ҳайси раиси Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда фаъолият дошт. Дар вазифаҳои директори Агентии заминсозӣ, геодезӣ ва харитасозии назди Ҳукумати Тоҷикистон (соли 2008), ба унвони раиси Кумитаи давлатии заминсозӣ ва геодезии Тоҷикистон (соли 2010) ва вазири кишоварзии ин кишвар (солҳои 2015-2016) низ кор кардааст. Аз моҳи марти соли 2016 то марти соли 2020 муовини сарвазири Тоҷикистон буд.